Дар шимоли Қазоқистон 2 ҳазор нафар 2 ҳафта боз беоб мондаанд (видео)

Дар шаҳри Кокшетауи Қазоқистон беш аз ду ҳазор нафар беоб мондаанд. Ба гуфтаи сокинон, ин мушкил дар фасли зимистон сар шуда буд, вале баъдан ҳар рӯз яксоатӣ об дода мешуд.

— Ҳоло об тамоман вуҷуд надорад ва ин беш аз ду ҳафта боз идома дорад,- хабар медиҳад Шабакаи 31-и Қазоқистон.

Гуфта мешавад, ки ноҳияи Бирлик, ки як бахши хусусӣ аст, дар ҳудуди Кокшетау ҷойгир аст. Кокшетау беш аз ду ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Онҳо тахмин мекунанд, ки сабаби беобӣ дар фаъолияти корхонаҳои саноатии ҳамсоя аст. Шаштои онҳо дар наздикии ҳамин минтақа ҷойгиранд.

Юрий Шенгалтс, директори шабакаи обу корези «Кокшетау су Арнаси» бар ин назар аст, ки мушкил дар пайи биноҳои зич ба вуҷуд омадааст.

Директори шабакаи обии шаҳр мардумро бовар кунонд, ки дархости сокинон дар бораи гузаронидани шохаи алоҳидаи қубури об барои корхонаҳо дида баромада мешавад. Дар ҳамин ҳол, сокинон бояд дар назди лӯлаҳо нишаста, мунтазир шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *