Доналд Лу ба Тоҷикистон меояд

Доналд Лу — Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ёвари котиби давлатӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Душанбе дар машваратҳои солонаи дуҷонибаи Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати рушди равобити иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ширкат мекунанд.

Дар ин бора «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Департаменти давлатии ИМА хабар додааст.

Интизор меравад, ки Лу ҳайати Амрикоро роҳбарӣ намояд ва рӯзҳои 23-27-уми май аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо мақсади тақвият бахшидани равобит бо минтақа ва талошҳои муштарак барои эҳёи бештари Осиёи Марказии ҳамбаста, шукуфон ва амн боздид кунад.

Қарор аст дар Тоҷикистон ҳайати Амрико бо шахсони расмии баландпоя ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ карда, ироаи кумакҳои башардӯстона ва дигар пуштибонӣ ба гурезаҳои афғон, ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак дар заминаи амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар ҷомеаро баррасӣ намояд.

Ба ҳайати Департаменти давлатии ИМА директори аршади Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Тсиммерман, муовини ёвари мудири Бюрои осиёии Агентии рушди байналмилалӣ Анҷали Каур ва муовини роҳбари дастгоҳи Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Наз ал-Хатиб шомил мебошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.