Шахидони марзи исфара

Ду маҳалла номи шаҳидони тоҷикро гирифт

Маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи Олимназар Холиқназаров гузошта шуд.

Полковник Олимназар Холиқназаров дар натиҷаи низоъҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон моҳи сентябри соли равон ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ба номи Олимназар Холиқназаров гузоштани маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо мақсади гиромидошти хотираи неки ин фарзанди далеру шуҷои Ватан аст.

Ин иқдом бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, бо ташаббус ва қарори Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ аз 27-уми декабри соли 2022 сурат гирифтааст.

Инчунин, дар Исфара яке аз кӯчаҳои маҳаллаи 11-и шаҳр ба номи шаҳиди муноқишаҳои марзӣ, корманди ШВКД-1 ҶТ дар шаҳри Исфара Ҳодихон Султонов гузошта мешавад. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода нусхаи қарори мазкурро ба волидайни Ҳодихон супорида, бори дигар аз шуҷоату мардонагии ӯ ёдовар гаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *