Душанбе мизбони вазирони ҳолатҳои фавқулоддаи Осиёи Марказӣ мешавад

Дар шаҳри Душанбе нишасти вазирони ҳолатҳои фавқулоддаи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Дар ин бора ба Pressa.tj аз бахши кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабии мазкур омодагиҳо ҷараён доранд.

— Чорабинии мазкур санаи 6-уми октябр баргузор мегардад ва ду рӯз пеш аз чорабинӣ иттилои расмӣ доир ба нишаст расонаӣ хоҳад шуд,- афзуд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.