дузд

Дуздӣ бо усули нав. Боз ҷавонзане дастгир шуд (аудио)

Ҷавонзани 19-солае барои дуздӣ аз ҳамёнҳои электронӣ дастгир шудааст. ВКД ин хабарро нашр карда, вале ному насаби ӯ зикр нашудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ин ҷавонзан 8-уми октябри соли 2022 аз ҳамёни электронии марди 55-солаи сокини пойтахт 3 ҳазору 268 сомониро ба ҳамёни электронии худ интиқол додааст. Нисбати ӯ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардидааст.

ВКД чанд рӯз пеш ба ин монанд хабареро нашр намуда буд, ки ҷавонзане аз ҳамёнҳои электронӣ маблағ медуздидааст. Бонки миллӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки аз чунин “дуздон” эҳтиёт бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *