Дуздӣ дар бозори “Корвон”
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Дарвозро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 51-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми апрели соли 2019, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони тиллофурӯшиаш, воқеъ дар бозори “Корвон” даромада, аз он ҷо 1-адад дасмонаи тиллоӣ, ки арзишаш 2500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи худ хабар медиҳад.
Тавре ВКД иттилоъ медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Дарвозро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шарҳ