Эълон барои таҳсил ба Ҷумҳурии Туркия

Дар доираи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия кишвари мазкур қабули довталабонро ба курсҳои омӯзишии соли таҳсили 2023-2024 ба Академияи Жандармерия ва ҳифзи соҳили Туркия бо мақсади омода намудани кадрҳои муҳофиз ҳамчун маълумоти миёнаи касбӣ 3 сол (1 сол омадагӣ ва 2 сол таҳсил) ва бакалаври Идоракунии бехатарӣ 5 сол (1 сол омодагӣ ва омӯхтани забони туркӣ ва 4 сол бакалавр) барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
Шартҳои қабул:

  • ҳадди ақали дастовардҳои таълимӣ на камтар аз 70% бошад;
  • довталабон баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ то синни 21-сола қабул карда мешаванд;
  • пешниҳоди Маълумотномаи тиббӣ оид ба ҳолати саломатӣ ва сатҳи мутобиқати ҷисмонии довталаб бояд ба талаботи мутобиқати ҷисмонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мувофиқ бошад;
  • барои касоне, ки дар давраи бакалаврӣ таҳсил мекунанд, стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 1,700 TL дода мешавад.
    Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 24-уми июли соли 2023.
    Маълумоти муфассал бо телефони 93 922 03 30

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *