Эълони ҳукми гумонбарон дар парвандаи “кӯшиши табаддулот”

Суди олии Тоҷикистон 5 феврал ҳукми гумонбарон дар парвандаи “кӯшиши табаддулот”-ро эълон кард.

Тибқи иттилои хабаргузории “Озодӣ”  ҳукмҳо чунинанд:

-Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;

-Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи парлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;

-Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол аз озодӣ маҳрум. Амволи ӯ қисман мусодира хоҳад шуд;

-Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;

-Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 18 сол зиндон;

-Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;

-Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон – 17 сол зиндон;

-Рухшона Ҳакимова, журналист ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *