Эмомалӣ Раҳмон: Ба чолишҳои рӯзафзун вокуниши муштараки кишварҳои аъзои ИДМ зарур аст

Имрӯз, 14 октябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Остона ҷараён дорад, суханронӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок карданд.

“Дар ҷараёни мулоқот дар ҳайати маҳдуд сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои сиёсии ҷаҳон, таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоду амнияти кишварҳо, буҳрони озуқаворию энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири пандемияи Ковид, оқибатҳои низоъҳо дар кишварҳои гуногуни олам, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон метавонанд таъсиргузор бошанд, андешаҳои ҷолиб ва таҳлилҳои амиқ баён карданд”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои манфии ин хавфҳо пешниҳод кардаанд, ки дар баробари корҳое, ки дар доираи Иттиҳод анҷом дода шудаанд, барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо тадбирҳои муассиртар андешида шаванд.

Дар баробари чанд масоили дигар рӯз инчунин, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номида шуданд.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 — 2025 аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.