Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов ва Шарл Мишел вохӯрд

2-юми июн дар шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон дар доираи нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ —  Иттиҳоди Аврупо” Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел дидор кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад.

Бино ба хабари манбаъ, дар вохӯрӣ бо Содир Ҷабборов дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуда, ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои охири мувофиқаи хати лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ намудаанд.

Дар вохӯрӣ бо Шарл Мишел ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид карда, ба ҷалби сармояи аврупоӣ ва кумаки техникиву молиявӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардаанд.

Гуфта шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+)-ро муҳим шуморида, таъкид намудааст, ки он омили муҳими густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Аврупост.

Гуфтанист, ки ҷонибҳо бо тамаркуз ба вазъи Афғонистон ҳамчунин масъалаҳои марбут ба муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятиро низ баррасӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *