Эрдуғон сафири даҳ кишварро аз Туркия рондан мехоҳад

Департаменти давлатии ИМА ба изҳороти президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар бораи нияти сафирони даҳ кишварро персона нон -грата ва хориҷ кардани онҳо аз кишвар вокуниш нишон дод. «Мо ин гузоришҳоро баррасӣ кардем ва аз Вазорати корҳои хориҷии Туркия тавзеҳ мехоҳем» гуфт дипломати баландпояи амрикоӣ. Қаблан Эрдуғон ба Вазорати умури хориҷии Туркия дастур дод, ки сафирони Олмон, Шветсия, ИМА, Фаронса, Финландия, Дания, Норвегия, Ҳолланд, Канада ва Зеландияи Навро персона нон грата эълон кунанд. Дар баробари ин, тасмим ҳанӯз расман эълон нашудааст. Сафоратхонаҳои ин кишварҳо рӯзи 18 октябр аз мақомоти Туркия даъват карданд, ки соҳибкор, асосгузори бунёди фарҳангии “Анадолу Култур” Осман Каваларо, ки ба иштирок дар кӯшиши табаддулоти соли 2016 муттаҳам мешавад, озод кунанд. Осмон Кавала ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмиро дастгирӣ мекунад, ҷонибдори ҳалли осоиштаи масъалаи курдҳо ва оштии шаҳрвандони Туркия ва Арманистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *