Фаридун: Пули ёфтагӣ ҳалол аст?

Чанд рӯз пеш аз роҳ сад сомонӣ ёфтам. Касе дар гирду атроф набуд, то пурсам, ки ин пул аз кӣ аст. Аз нӯги ҳамон маблағ ба ҳамкурсонам хот-дог харидам ва чанд сумашро ба як гадо додам. Мехоҳам донам, ки дини ислом дар мавриди пули аз роҳ ёфта чӣ мегӯяд? Он ҳалол аст ё ҳаром?

ФАРИДУН, шаҳри Душанбе

Посух:

Вақте инсон пул меёбад, бояд аз одамони гирду атрофи ҳамон ҷое, ки пул ёфтааст, пурсад, ки касе пул гум кардааст ё не, вале шакли пул ва миқдорашро нагӯяд. Дар сурате, ки соҳибашро наёфт, агар одами ёфтагӣ шахси нодор ва эҳтиёҷманд бошад, метавонад он маблағро барои худ сарф намояд, вале сарватманд бошад, бояд пулро ба ятимону бечорагон тақсим карда диҳад. Баъд аз сарф кардани маблағ, агар соҳибаш пайдо шавад, метавонад подоши садақаи шударо гирад ё пулашро талаб намояд. Маблағи ёфтагӣ агар аз 500 то 100 сомонӣ бошад, як сол, аз 50 то 100 сомонӣ бошад, як моҳ ва аз ин камтар бошад, се рӯз соҳибашро интизор мешавед. Маблағи ёфтаатон агар 5 сомонӣ бошад, фақат як рӯз соҳибашро интизор шудан кифоя аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.