Фаромадани туман дар назар аст

Имрӯз, 19 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф, фаромадани туман ва дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти бод дар назар аст. Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 2-3 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *