Фоизҳо барои амалиётҳои пулӣ тариқи замима камтар шуданд
Яке аз замимаҳои маъруфтарини Тоҷикистон боз ҳам муфидтар шуд: акнун ҳангоми анҷомдиҳии амалиётҳои молиявӣ тавассути “МегаФон Life” комиссия камтар гирифта мешавад. Дар як қатор ҳолатҳои муайян бошад, фоиз умуман гирифта нахоҳад шуд.
Истифодабарандагони замима имкон доранд, ки бе комиссия маблағи алоқаи мобилии ҳамаи операторҳо, NGN, телефонҳои шаҳрӣ ва хизматрасониҳои интернет-провайдеронро пардохт намоянд. Қаблан барои ин гуна пардохтҳо аз тавозуни “Ҳамён” ё кортҳои бонкии дар замимаи “МегаФон Life” бақайдгирифташуда комиссия дар ҳаҷми 1,5% муқаррар шуда буд.
Комиссия инчунин барои пардохти ҳисобҳои ХМК, хизматрасониҳои давлатӣ, андозҳо, телевизион, харидҳо дар мағозаҳои интернетӣ, хизматрасониҳои идораҳои букмекерӣ, гузаронидани маблағҳо барои хайрия гирифта намешавад.
Комиссия барои пуркунии тавозуни рақамҳои операторони хориҷии мобилӣ кам шудааст. Агар қаблан барои ин хизматрасонӣ пардохти 1,5% зарур меомад, акнун он 1%-ро ташкил медиҳад.
Шартҳо барои интиқолҳои фаромарзӣ ба Федератсияи Россия, аз ҷумла дар доираи хизматрасонии Visa Direct бетағйир боқӣ монданд – комиссия 1%-ро ташкил медиҳад.
Яке аз функсияҳои дигари қулай, ки ба истифодабарандагони “МегаФон Life” дастрас мебошад, имконияти гузаронидани маблағи тавозуни SIM-корт ба тавозуни “Ҳамён” ба шумор меравад. Комиссия 1%-ро аз ҳисоби маблағи интиқол ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, метавон маблағро аз тавозуни “Ҳамён” ё корти дар замима бақайдгирифташуда ба кортҳои дигари бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ интиқол дод. Комиссия – ҳамчунин 1%.
“МегаФон Life”-ро боргирӣ намуда, маблағҳои худро дар дилхоҳ ҷое, ки интернет мавҷуд аст, идора намоед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ