Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мегардад

Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҳар ду кишварро муҳокима намуда, омодагии худро барои баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик изҳор доштанд.

Ҳадафи асосии форум рушди муносибатҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории мустақим ва баррасии имкониятҳои нави тиҷоратӣ миёни ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар мебошад.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои дигареро, ки ба густариши ҳамкории иқтисодӣ ва мутақобила байни ду давлати ҳамсоя рабт доранд, баррасӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *