Содир Ҷабборов

Гӯристони бе ёдгорӣ. Фармони аҷиби Содир Жапаров

Президенти Қирғизистон Содир Жапаров фармонеро дар бораи чораҳои татбиқи қонун “Дар бораи дафн ва маросими дафн” имзо кард, ки дар асоси он насби ёдгориҳо дар қабристонҳои мусулмонон манъ мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, президенти Қирғизистон бо имзои ин фармон аз Идораи мусулмонони Қирғизистон хостааст, ки дар ин робита фатво (қарор) бароранд.

Гуфта мешавад, ки ин фатво насб кардани муҷассамаҳо, гузоштани сангҳои мармар, сохтани панҷараҳо ва дигар анвои ёдгориҳоро манъ мекунад.

Аммо барои қабрҳои дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ин қарор метавонад истисно карда шавад.

Жапаров қаблан ҳам дар ин робита ибрози андеша карда ва гуфта буд, ки “мувофиқи шариат барои мусулмон насб кардани сангҳои қиматбаҳо ва гузоштани аксҳо дар қабр, иҳота кардани он бо панҷараҳои оҳанӣ, истифодаи семент ва бетон манъ аст”.

“Чунин одатҳо ба мурда кумак намерасонанд. Баръакс, истифодаи маводи сӯхт ва сохтани бомҳо болои қабр ба рӯҳи мурда азоб меоранд”,- таъкид карда буд Содир Жапаров дар мусоҳибааш бо “Кабар”.

Акнун ӯ аз ҳамватанони худ хостааст, ки насби ёдгориҳои сангинро дар қабристонҳо қатъ кунанд.

“Ман парво надорам, ки баъзе сиёсатмадорон чӣ мегӯянд. Барои гиромидошти хотираи мурдагон, ҳар рӯз дар хона барои онҳо Қуръон хондан ё ҳатто агар шумо дур бошед, онҳоро ёд кардан мумкин аст. Ин кофист. Он гоҳ мурдагон хушҳол хоҳанд буд. Насби ёдгориҳои металлӣ ё мақбараҳои дуошёна анъанаи мо нест”,- мегӯяд Жапаров.

Тибқи ин фармон, ёдгориҳои болои қабр ва панҷараҳо бояд аз маводи чӯбӣ сохта шаванд ва аз 0,7 метр баландтар набошанд. Ба ақидаи раисҷумҳури Қирғизистон, чунин чораҳо ба пешгирии исрофкорӣ ҳангоми сохтани ёдгориҳои болои қабр мусоидат мекунанд.

Идораи мусулмонони Қирғизистон ба Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои динӣ, намояндагони ваколатдори президент дар вилоятҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва якчанд сохторҳои дигар супориш додааст, ки дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои дафни мурдагон кори доимии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *