Гемофилия чист? Баррасии ин беморӣ дар конфронсе дар Душанбе

Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ошкор намудани гемофилия, табобати он ва дигар ихтилоли хунравии нодир” конфронс баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз Федератсияи Русия, роҳбарият ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар конфронс гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон ба тарви ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Дар идомаи конфронс як қатор иштирокдорон доир ба самтҳои гуногуни мавзуи мазкур маърӯза намуданд.

Бино ба маълумоти дарёфтнамудаи Pressa.tj, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 6 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, он 24-уми феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар бо дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.