груз-200

Груз 200. Ҷасади ду ҷавони тоҷикро ба Ватан меоранд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи даргузашти ду ҷавони тоҷик дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перм хабар дод. Ба иттилои манбаъ ду ҷавони тоҷик, 15 июли соли равон дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перми Русия дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.
Намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар Русия ҳамдардии худро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуданд.
Сафорат таъкид кардааст, ки бо мусоидати Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида ба Ватан интиқол дода мешаванд.
Манбаъ менависад, ки дар садамаи мазкун ҳамчунин як ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *