Гумруки Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосири рентгении амрикоӣ муҷаҳҳаз гардид

Бо мақсади таҳкими иқтидорҳои назорати гумрукӣ ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳо аз сарҳади кишвар, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Тоҷикистон 10 адад таҷҳизоти дастии сканкунии рентгении навъи Nighthawk–BTX дарёфт кард.

Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, ин таҷҳизоти муосир аз ҷониби Бунёди адами паҳншавӣ ва халъи силоҳ (НПРФ) ва Дафтари амнияти байналмилалӣ ва назорати содироти Котиботи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Барномаи назорати содирот ва амният тақдим гардид.

Бо мақсади истифодаи самаранок ва дурусти ин таҷҳизот,  рӯзҳои 23–24 ва 25–26 июни соли 2025 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук курси омӯзишӣ таҳти унвони “Тартиби самаранок истифода бурдани таҷҳизоти дастии сканкунии рентгении Nighthawk–BTX” баргузор гардид.

Дар ин машғулиятҳо, ки аз ҷониби коршиносони Барномаи назорати содирот ва амнияти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида шуданд, 20  корманди масъули дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Хадамоти гумрук иштирок  ва донишу малакаи амалиёти худро такмил доданд.

Истифодаи чунин таҷҳизоти муосир ба баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳо мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *