Гурез аз бемориҳои тирамоҳӣ

Бо оғоз шудани тирамоҳ ҳарорати ҳаво паст шуда, баъзе бемориҳои вирусӣ ва музмин авҷ мегиранд. Имсол, ки охирҳои моҳи август ҳаво якбора тағйир ёфт, бештари одамон аз бемориҳои сироятӣ, махсусан зуком ранҷ кашиданд.

Табибон мегӯянд, ки дар фасли тирамоҳ табъи одамон аз илтиҳоби торҳои асаб (невроз), афсурдагӣ ва ҳавои номусаид хира мешавад.      

Бемориҳое, ки дар тирамоҳ авҷ мегиранд:

1. Зуком, шамолкашӣ. Сабаби асосии гирифторшавӣ ба ин беморӣ паст шудани масунияти бадан ва бо суръати бемайлон паҳн шудани вирусҳо мебошад.

2. Сироятёбии узвҳои болоии нафас, ба монанди ангина, тонзиллофарингит, отити шадиди миёна ва дигар бемориҳо ба вуҷуд меояд, ки бо сабаби то охир муолиҷа накардани бемории зуком масунияти бадан паст шуда, организм қобулияти мубориза бурданро аз даст медиҳад.

3. Бемориҳои гурда, ба монанди пиелонефрит, яъне илтиҳоби гурдаҳо ва бемориҳои музмини гурда дар ин фасл авҷ мегирад ва беморон аз дардҳои хуруҷкунанда азият мекашанд.

4. Бемориҳои алергикӣ, ки бо тарзи дигар аллергияҳои тирамоҳӣ низ мегӯянд. Хуруҷи бемориҳо зиёд шуда, сабаби асосиаш фаъолшавии аллергенҳо мебошад. 

Чӣ бояд кард, то тирамоҳро бе маризӣ гузаронем?

Пеш аз ҳама либоси ғафстар пӯшед. Наҳории серғизо бихӯред, то ки масуниятатон баланд шуда, шуморо аз бемориҳо муҳофизат намояд. Кӯшиш кунед, ки масофаи муайянро миёни шахсони бемор нигоҳ доред. Дастҳои худро зуд-зуд бо собун бишӯед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *