Гуруҳи корӣ фаъолияти шабонарӯзии муассисаҳои тандурустиро санҷид

Гуруҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷамолиддин Абдуллозода фаъолияти шабонарӯзии баъзе муассисаҳои тандурустиро санҷидааст.

Бино ба иттилои ин вазорат, бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, суҳбату вохӯриҳо бо кормандони соҳа ва шаҳрвандон, таҳлил ва баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии вазир Ҷамолиддин Абдуллозода иборат аз мутахассисони соҳаи санитарию эпидемиологӣ, масъулини дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони хадамоти соҳавӣ бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии атрофи он, аз ҷумла Маркази тиббии “Шифобахш”, Беморхонаи ёрии таъҷилӣ, Пажуҳишгоҳи акушерӣ ва гинекологӣ, Таваллудхонаи рақами 1 ва Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дидан намудаанд.

— Гуруҳи кории вазорат рафти хизматрасонии тиббиро дар муассисаҳои тандурустии номбурда таҳлил ва баррасӣ намуда, бо фаъолияти шуъбаҳо, захираи маводҳои доруворӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, истифодаи таҷҳизоти тиббии онҳо шинос шуда, доир ба одоби муоширати табибон бо беморон, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат, аз ҷумла иҷрои бечуну чарои қарорҳои ҳайати мушовараи вазорат, ки ба беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа равона гардидаанд, ба роҳбарият ва кормандони беморхонаҳо супоришҳои мушаххас доданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *