Гузаргоҳҳои марзии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” боз шуданд

Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳи марзӣ иштирок намуданд.

Сарони ду кишвар гузаргоҳҳои марзии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ифтитоҳ намуданд.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар додааст, ба роҳбарони ду кишвар дар ин маросим оид ба омодагӣ ба бозкушоии гузаргоҳҳо шахсони масъул гузориш доданд.

Маросим бозкушоии марз бо иштироки роҳбарият ва сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон баргузор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *