Хабари нохуш ба китобдорҳои кишвар

Аз 1-уми июли соли 2023 маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва ҳаҷми нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд шуд, вале маоши китобдорони кишвар зиёд нашудааст.

Ҳол он ки аввал бояд пули кормандони китобхонаҳо ва кохҳои фарҳангӣ зиёд мешуд! Зеро моҳонаи китобдорон аз 500 то 800 сомонӣ аст. Роҳкирояшон 200 сомонӣ, хӯроки нисфирӯзияшон (дар 1 моҳ!) 300 сомонӣ (дар Душанбе), боқимондааш пули барқу об ва ғ. Пас чӣ тур бояд, ки китобдор зиндагӣ кунад?

Ман ҳоло директори китобхона нестам, яъне манфиати шахсӣ надорам, виҷдонам гуфт, то нависам!

Абдуқодир ТАЛБАКОВ, (Ориёмеҳри Зардушт)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *