Хабаркашӣ. Дилам ба ҳоли буз месӯзад…

Вақте хабаркашро «буз» мегўянд, рости гап, дилам ба ҳоли буз месўзад.

Ин мавзўъ барои ман басо дарднок аст, ҷаноби Хоҷаев! Чаро? Охир, ба пойи ҳайвони бечора бе таҳқиқу пушт-пушт тўҳмати бузург мебанданд. Масалан, худат кай дидӣ, ки бузе хабаркашӣ кунад? Чӣ хабаркашие ва бо чӣ шева? Ман ҳеҷ тасаввур карда наметавонам. Воқеан, буз қайсар, аз гўсфанд боақлтар ва чолоктар аст. Пеш аз гўсфанд медавад, болои адир мебарояд, гули алафро мехўрад. Аммо буз куҷову хабаркашӣ куҷо!? Ё мардум инро ба эътибор гирифта бошанд, ки буз айни ҳамлаи гургҳо нахуст ҳушёр мешаваду бо садои маъоси худ бонги хатар мезанад? Агар ҳа, ин қаҳрамонӣ аст-ку!

Пас, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки хабар расонидан аз хабаркашӣ фарқ дорад, дўстам Хоҷаев. Хабаре, ки ба фоидаи мо расонида мешавад, ҳаргиз «хабаркашӣ» буда наметавонад.

Биё беҳтараш лавҳаеро барои муқоиса аз пеши назар гузаронем: Рўзи офтобӣ. Дарси тарбияи ҷисмонӣ. Мо — як гурўҳ ҳамсинфон дар ҳавлии мактаб бо ҳаёҳуй ба бозии футбол машғулем. Тўби резинии сахту вазнин, ки танҳо ба хотири арзон буданаш харида шудаасту барои футбол тамоман ҷавобгў нест, гоҳ-гоҳ аз зарби шаттаҳо то нўги дарахти чормағз ҳам мепарад. Пойафзоли чанд нафар медарад. Аммо саргарми бозӣ, агар пой барояд ҳам, касе аз майдон намебарояд.

Ана дар ҳамон авҷу гармии бозӣ ҳодисаи махсусан барои мо даҳшатнок рух дод. Тўб ба ҳаво хест, печутоб хўрд ва гурсссс!!! Шишаи дуқабатаи тирезаи синфхона мисли жола ба замин рехт. Барои гурехтан фурсат нашуд. Муаллиме, ки ҳамон соат дар он синфхона дарс мегузашт, тўби мо рўи каф, сар аз тирезаи шишашикаста берун оварду фармон дод: «Ҳамаатон зуд ба пеши ман!».

То ба синфхона расидан хуб ларзидем, аммо шукр, ки касе «табларза» нашуд. Агар ягон нафар шимашро тар накарда бошад, намедонам. Зеро он вақт сиёсату ваҷоҳати муаллимон таъсири сахт дошт.

Муаллим моро назди тахтаи синф «рост» ва «дапрос» кард:

— Тиразеро кӣ шикаст!?

— Ман не…

— Ман ҳам не…

Касе гуноҳро ба гардан намегирифт ва ягон нафар аз мо «хабаркашӣ» кардан ҳам намехост.

Ниҳоят, навбат ба ҳамсинфи аз ҳама лоғару қадпастамон расид, ки аз рўи «анъана» дар қатор аз ҳама охир истода буд. Садои муаллим ўро як қад паронд:

— Ту шикастӣ?!

— Не.

— Кӣ шикаст?

Ҳамсинфамон хомўш монд ва ҷуръати сухан гуфтан надошт.

— Кӣ шикаст?!,- такрор кард муаллим.

— Намегўям…

— Барои чӣ намегўӣ?

— Агар гўям, маро «буз» мегўянд.

Садои қаҳқаҳаи муаллим баланд шуд ва дар ҳоле, ки аз чашмонаш об мерехт, гуфт: «Эҳ, эҳ, мактаб ҷои бузиву гўсфандӣ аст?»…

Ў пурсупосро як тараф ва моро ба ҳоли худамон гузошт. Аммо ба ҳама ҷазои баробар таъин кард: «Шишаро харида часпонед».

Ҳамон вақт фикр мекардам, ки муаллим маҷбур сохт, то мо ҷавоби гуноҳи каси дигарро диҳем. Аммо, ҳоло не. Ҳозир фикр дорам, ки ў боадолатона рафтор карда буд. Зеро, дар қазия мо ҳам шарик будем. Чун амал муташаккилона сурат гирифта буд, агар ҳамсинфамон гунаҳгори асосиро фош ҳам мекард, «хабаркашӣ» намешуд ва ба ҳама як хел ҷазо медоданд. Аз рўи қонунгузорӣ ҳам гирем, агар касе гунаҳгорро донаду хабар надиҳад, барои ин кораш ҷавоб медиҳад.

Вале ман боз нороҳатам, рафиқ Хоҷаев! Бархе гоҳ-гоҳе ман ва мо — рўзноманигоронро ҳам «буз» мегўянд. Албатта барои хабардиҳиямон. Бе андешаи он, ки хабарҳои мо барои ислоҳи камбудиҳост, на мисли «хабаркашӣ»-и баъзеҳо.

Масалан, бисёр шоҳиди хархашаҳои оилавӣ мешавем, ки оқибатҳои «заҳрнок» ба бор меоранд. Фаразан, духтар аз хонаи шавҳар қаҳр карда, ба хонаи волидонаш меравад ва бадгўиву хабаркашӣ мекунад. Агар хабари расонидааш дурўғ бошад, мутмаинам, ки дигар рўи хонаи шавҳарро намебинад. Дар ин сурат, ў «хабаркаш» аст. Аммо, агар он чӣ хабар расонидааст, воқеан ҷой дошта бошад, пас «хабаркашӣ» нест, зеро шароит муҳайё кардан барои ҳалли масъала аст.

Фазлиддин АСОЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.