Хайрулло Ҳайдаров: Мо идеологияи қавӣ надорем!
“Хизмат дар Артиш мояи ифтихор ва шарафи бузург аст”,- мегӯяд Хайрулло Ҳайдаров, полковник ва собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ, ки дар ташаккули Артиши Миллии Тоҷикистон саҳми муҳим гузоштааст. Ӯ, ки бо хизмати содиқонаи хеш аз аскарӣ то афсарӣ расидааст, мегӯяд “Хизмат дар Артиш – гузаштан аз мактаби мардонагӣ аст”.
– Чӣ сабаб шуд, ки шумо соҳаи ҳарбиро интихоб кардед?
– Ман соли 1966 баъди хатми мактаби миёна ба Институти хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ) дохил шудам. Як рӯзи соли 1967, дар яке аз мағозаҳои либос бо як лейтенанти калон вохӯрдам. Либоси ҳарбии ӯ ба ман хеле маъқул шуд ва орзу мекардам, ки ман ҳам чунин либоси зебо ба бар кунам. Дар донишкада дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекардем. Таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ он солҳо бисёр ҷиддӣ ва назорат сахт буд. Вақте дар курси дуюм мехондам, кафедраи ҳарбии мо зимни як санҷиш байни кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.
Соли 1971, баъди хатми донишкада, мо 25 нафар ҳамсабақонро барои машқҳои низомӣ ва гирифтани рутбаи афсарӣ ба Лоҳур равон карданд. Дар он ҷо ду моҳ тамрин кардем. Пас аз ин, ба банда гуфтанд, ки рӯзи 6-уми июн дар назди қисми ҳарбии ноҳияи Октябр ҳозир шав. Он рӯз маро шаҳри Читаи Русия, ба наздикии сарҳади Монголия фиристоданд. Ҳамин тавр, сарнавишти ман ба соҳаи ҳарбӣ пайванд шуд ва он то имрӯз идома дорад.

– Аввалин медали худро кай ва барои чӣ гирифтед?
– Аввалин медаламро соли 1972, моҳи апрел гирифтам. Як рӯзи моҳи март ба ман амр шуд, ки ротаро ба машқҳои тактикӣ ба саҳро барам. Ман вазифаамро иҷро кардам. Бехабар будам, ки командири дивизия кори маро назорат мекунад. Баъд аз итмоми машқҳо ва дарсҳо ба ман ташаккур гуфта, барои хизмати софдилона медали ба номи Ленинро тақдим карданд.
Соли 1975 маро даъват карда пурсиданд, ки дар куҷо мехоҳӣ кор кунӣ? Гуфтам, ки ҳар куҷо ки равон кунед. Ҳамин тавр маро ба вилояти Кӯлоб равон карданд. Корро аз командири взвод оғоз карда, баъд сардори шуъбаи молияи полк, баъдан дивизия кор кардам. Як муддат ҳамин вазифаро дар шаҳри Мирнийи вилояти Читаи Русия адо кардам. Баъдан корро ба ҳайси сардори шуъбаи молия ва буҷаи Комиссариати вилояти Кӯлоб, ҷонишини комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯшон, ёрдамчӣ, сардори шуъба ва Комиссари ҳарбии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) идома додам. Дар замони Истиқлол ба ҳайси сардори раёсати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ректори Донишкадаи ҳарбии ВМ ҶТ ва Вобастаи низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хизматамро идома додам. Муддате дар Вазорати адлияи кишвар кор карда, бознишаста шудам.
– Шумо солҳои тӯлонӣ сардори комиссариати ҳарбӣ, яъне военком будед. Оё он замон ҳам “облава” буд?
– Не албатта. Ин калимаро касе намедонист. Дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар як вақт аз 3 то 3,5 ҳазор даъватшавандаро ба хизмат сафарбар мекардем. Он солҳо тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда буд. Ҷавон 18-сола ки шуд, ба дари военкомат меомад. Ё вақте дар ноҳияи Рӯшон кор мекардам, ҷавонон аз ҷамоатҳои Совноб, Басид, Бартанг, деҳаҳои Хиҷез ва Хуф 100 км роҳро то маркази ноҳия пиёда тай карда, бе даъватнома меомаданд. Агар ба хизмати аскарӣ нафиристӣ, то Суди Олӣ шикоят мебурданд.
Ман на танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, балки дар комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳои Кӯлобу Бадахшон низ кор кардам, бинобар ин, дар ин соҳа мутахассис ҳастам. Дар замони Шӯравӣ ҷавононро идеологияи боқувват ба Артиш ва дифои Ватан ҷалб мекард. Ҷавонҳои онвақта мард буданд ва аз мактаби мардонагӣ мегузаштанд. Ҳоло идеология қавӣ нест, тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар сатҳи лозима нест.
– Шумо шоҳиди таъсиси Артиши Миллии Тоҷикистон ҳастед. Лутфан бигӯед, ки кишвари мо дар чӣ шароите соҳиби артиш шуд?
– Дар солҳои 90-ум, замоне ки якпорчагии Тоҷикистон зери хатар қарор дошт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи хеле мушкил ба ҳисоб мерафт. Дар он айёми ҳассосу тақдирсоз ҳеҷ заминае барои ташкили сохторҳои низомӣ вуҷуд надошт. 10-уми ноябри соли 1993 мо – сардорони Фронти халқиро, ки беш аз 10 нафар будем, ба Ситоди Дивизияи 201-ум даъват карданд. Бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт раиси Шӯрои Олӣ буданд, муовини аввали раиси Совети Вазирон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва як гурӯҳ афсарон ҷаласа баргузор шуд. Сарвари давлат маҷлисро ифтитоҳ намуда, аҳамияти таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро барои Тоҷикистон шарҳ доданд ва эълон карданд, ки Тоҷикистон Артиши Миллии худро барпо мекунад. Албатта буданд нафароне, ки дар чунин шароит ба таъсис ёфтани Артиш бовар надоштанд. Вале азми Пешвои миллат қатъӣ буд. Дар анҷоми ҷаласа Пешвои миллат вазири мудофиа ва муовинонашро аз миёни афсарон пешниҳод намуданд. Ин иқдоми Сарвари давлат моро рӯҳбаланд кард ва масъулияти бузургеро бар дӯшамон гузошт. Мо бо эҳсоси баланди ватандорӣ ба иҷрои вазифаҳои дарпешистода омода шудем.

Бо вуҷуди вазъи ногувори кишвар, мо ифтихор доштем, ки аз аввалин хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳастем. Рӯзи 11-уми январи соли 1993 маркази ноҳияи Обигарм ва рӯзи 12-ум шаҳраки Роғунро, ки имрӯз яке аз минтақаҳои стратегии кишвар ба шумор меравад, аз гурӯҳҳои мусаллаҳ озод кардем. Ҳангоми ворид шудан ба ин маҳалҳо, шоҳиди ғоратгариҳо ва ноадолатиҳое шудем, ки ин афрод анҷом дода буданд. Хусусан, дар шаҳраки Роғун, ки аксаран русзабонҳо зиндагӣ мекарданд, вазъият хеле ташвишовар буд. Онҳо аз зулми силоҳдорон ба танг омада, моро бо шодмонӣ истиқбол гирифтанд.
Ҳамон бегоҳ ман ба ноҳияи Рӯдакӣ рафта, бо ёрии раиси ноҳия А. Ф. Шарипов то саҳар дар корхонаи нонпазӣ тақрибан 4 тонна нон тайёр кардем ва рӯзи дигар онро ба Роғун бурда, миёни мардум тақсим намудем. Баъди 10 моҳи муборизаҳо, мардум итминон ҳосил карданд, ки ҳукумати қонунии конститутсионӣ барқарор шудааст.
Ниҳоят, 23-юми феврали соли 1993 Артиши Миллии Тоҷикистон расман таъсис ёфт. Ин рӯз барои ман ва ҳамсафонам як лаҳзаи хотирмон аст, зеро дар ҳамин рӯз, 23-юми феврали соли 1918, бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ Артиши Сурх таъсис ёфта буд, ки баъдан соли 1946 Артиши Шӯравӣ ном гирифт. Ман ифтихор мекунам, ки 21 сол дар ҳайати он хизмат намудам.
– Шумо ҳамеша дар вазифаҳои масъули ҳарбиву давлатӣ фаъолият доштед. Пас, чӣ тавр барои оила вақт ҷудо мекардед?
– Оилаи шахси низомӣ ҳам ҳамеша дар хизмати ҳарбӣ аст гӯем, хато намешавад. Оилаи ман ҳамеша бо ман буд ва ҳамроҳам ними дунёро гаштааст. Дар куҷое, ки хизмат мекардам, ӯро ҳамроҳам мебурдам. Дар замони Шӯравӣ зиндагӣ осонтар буд. Маоши афсари низомӣ ба зиндагиаш мерасид. Бовар мекунед, дар 45 рубли ҳамонвақта ҳамроҳи оилаам рафта дар истироҳатгоҳҳои беҳтарини Шӯравӣ истироҳат мекардем. Дар солҳои вазнини 90-ум рӯзгори мо комилан тағйир ёфт. Вале сабр кардем ва барои ояндаи ободи Ватан талош намудем. Имрӯз ба рӯзҳои нек расидем ва шукр, ба қавле, давлати пирӣ меронем.

– Фарзандонатон роҳи шуморо идома медиҳанд?
– Фарзандони ман ҳам дар шаҳрҳои гуногун ба воя расиданд. Ҳар ду соҳиби маълумоти олии тиббӣ. Духтарам дар Олмон таҳсилашро идома медиҳад. Бо як тоҷики муқими Олмон оила барпо кардааст. Писарам бошад, духтури низомӣ аст ва рутбаи капитан дорад. Соҳиби оила аст ва шукр, набераҳо низ дорам. Ман аз зиндагии хеш розиам ва шукр мекунам, ки фарзандонамро бо нони ҳалол ба воя расонидам. Дар умрам аз касе як тин нагирифтаам ва ин корро барои одами ҳарбӣ ҳаром медонам. Шахси ҳарбӣ бояд ҳалол зиндагӣ кунад, рӯзгораш барои ҷомеа намуна бошад. Ман дар вазифаҳои гуногун кор кардам ва имконияти зиёде доштам, ки сарват ғун кунам. Вале ҳамеша фикр мекардам, ки ризқи сарбозро зада гирифтан дуруст нест ва ош намешавад. Бинобар ин, дастамро тарафи луқмаи ҳаром набурдаам. Имрӯз шукр, бо хотири ҷамъ давлати пирӣ меронам. Аз чизе танқисӣ надорам.
– Мо дар арафаи таҷлили 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорем. Шумо ҳамчун шахсе, ки солҳои зиёди ҳаёташро дар ин соҳа сипарӣ кардааст, чӣ гуфтанӣ ба ҷавонон доред?
– Фахр мекунам, ки одами ҳарбӣ ҳастам. Дар барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок карда, каме ҳам бошад, саҳми худамро гузоштам. Хизмат ба Ватан барои ман на танҳо вазифа, балки рисолати муқаддас буд. Худо худаш шоҳид аст, ки дар зеҳнам ҷуз хизмати содиқона ба Ватан фикри дигаре надоштам ва надорам. Агар ҳоло ҳам зарур бошад, барои Ватан сина сипар мекунам. Агар як зарра хизмати ман ба Ватанам зарур бошад, омода ҳастам. Ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки барои ҳимояи Ватан масъулият эҳсос кунед. Бо сари баланд ва синаи пур аз ифтихор ба хизмати Модар – Ватан равед. Айб аст, ки мард аз ҳимояи Ватан гурезад ё даст кашад.
Мусоҳиб:
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ