Хатари “археологияи сиёҳ”. Чаро дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи бостоншиносӣ” муҳим аст?

​Дар марҳилаи кунунии рушди давлатдории миллии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси ниёгон ба яке аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангӣ табдил ёфтааст. Дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» қадами муҳим ва саривақтӣ дар роҳи мукаммалсозии заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.

Нобудсозии бонизом

Бостоншиносӣ (археология) ягона илмест, ки тавассути омӯзиши боқимондаҳои моддӣ саҳифаҳои нонавиштаи таърихи башариятро эҳё мекунад. Аммо, бархӯрди бостоншиносӣ бо ёдгорӣ хусусияти «бебозгашт» (irreversible) дорад; ҳар як ҳафриёт дар моҳияти худ нобудсозии бонизоми қабатҳои фарҳангӣ ба хотири ба даст овардани иттилооти илмӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳама гуна дахолати ғайриҳирфаӣ ба ёдгориҳои бостонӣ на танҳо хатои методологӣ, балки ҷиноят нисбат ба хотираи таърихии миллат ва гум кардани маълумоти нотакрор барои наслҳои оянда аст.

Бо вуҷуди мавҷудияти қонунгузории умумӣ дар соҳаи ҳифзи мерос, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки соҳаи бостоншиносӣ ба танзими хос ва қатъӣ ниёз дорад. Афзоиши босуръати сохтмонҳои зерсохторӣ, хатари «археологияи сиёҳ» ва муҳимтар аз ҳама, ҷалби нафарони ғайримаслакӣ ба раванди таҳқиқоти саҳроӣ, зарурати таҳияи стандарти ягонаи давлатиро ба миён гузоштааст.

Дар шароити муосир, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагӣ ва рушди сайёҳӣ ворид шудааст, ҳифзи мероси бостонӣ аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи Қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» нишонаи дарки амиқи он аст, ки қонунгузории ҷорӣ дигар наметавонад тамоми паҳлуҳои ин соҳаи мураккабро фаро гирад.

​Ин мақола ба таҳлили ҷанбаҳои назариявию амалии фаъолияти бостоншиносӣ бахшида шуда, ҳадаф дорад механизмҳои муосири сабт (фиксатсия), назорати сифати таҳқиқот ва роҳҳои пешгирии ҳаффории ғайримаслакиро дар доираи лоиҳаи қонуни нав пешниҳод намояд. Танҳо тавассути таҳкими мақоми ҳуқуқии бостоншинос ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар сабти ҳафриёт, мо метавонем таърихи куҳанбунёди худро аз нобудшавӣ ва таҳрифи илмӣ ҳифз кунем.

Фарқӣ бостоншиносӣ аз “кофтукови ашё”

​Яке аз паҳлуҳои нигаронкунанда дар амалияи имрӯзаи мо ин афзоиши ҳолатҳои ҳафриёт аз ҷониби нафароне мебошад, ки бостоншиносиро танҳо ҳамчун “кофтукови ашё” мефаҳманд. Дар бостоншиносии касбӣ ашё (артефакт) бидуни заминаи ҷойгиршавиаш (контекст) арзиши илмиро гум мекунад. Вақте нафари ғайримаслакӣ кӯза ё тангаро аз замин мегирад, ӯ робитаи онро бо қабатҳои хок, боқимондаҳои бино ва дигар ашёҳо меканад. Дар натиҷа, муайян кардани санаи дақиқ ва таърихи воқеии ёдгорӣ ғайримкон мегардад. Истифодаи ғайриҳирфавии металлодетекторҳо боиси “сӯрох” шудани ёдгориҳо мегардад. Ин амал на танҳо дуздӣ, балки нобудсозии физикии стратиграфияи ёдгорӣ мебошад, ки дар қонунгузории нав бояд ҳамчун ҷинояти вазнин алайҳи мерос дарҷ шавад.

Барои пешгирӣ аз талафи маълумот, сабти ҳафриёт бояд сегонаи ба ҳам алоқаманд бошад: тавсифи матнӣ – бостоншинос вазифадор аст, ки ҳар як тағйироти ранги хок (литология) ва сохтори онро тавсиф кунад. Масалан, мавҷудияти хокистар метавонад аз сӯхтори таърихӣ гувоҳӣ диҳад, ки танҳо дар матн метавонад муфассал шарҳ ёбад, сабти графикӣ (нақшабардорӣ) – нақшаҳо бояд дар миқёси (масштаб) 1:10 ё 1:20 кашида шаванд. Ҳар як бозёфт бояд се координат дошта бошад: ҷойгиршавӣ дар майдон ва умқи он аз нуқтаи сифрӣ. Ин имкон медиҳад, ки баъд аз садсолаҳо ҳам олимони дигар манзараи ҳафриётро дақиқ барқарор кунанд, фотофиксатсияи илмӣ – бархӯрди касбӣ истифодаи ҳатмии ҷадвали миқёсӣ ва аломати шимолро талаб мекунад. Акс бидуни ҷадвал ва нишонаи шимол танҳо як сурати ороишӣ аст, на ҳуҷҷати илмӣ.

Аз белу каланд ба назорати рақамӣ

Ташреҳи истифодаи технологияҳо нишон медиҳад, ки мо аз методи “бел ва каланд” ба марҳилаи “назорати рақамӣ” мегузарем:

Фотограмметрия: Ин метод имкон медиҳад, ки аз аксҳои одӣ модели 3D сохта шавад. Ин барои ҳуҷҷатгузории ёдгориҳои меъморӣ (масалан, деворҳои қалъаҳо) муҳим аст, зеро ҳар як хишт ва тарқиш дар компютер бо дақиқии баланд сабт мешавад.

Дронҳо (UAV): Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дронҳо дар ёфтани ёдгориҳои зеризаминӣ тавассути “аномалияҳои рустаниҳо” кумак мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки релефи кӯҳистон дорад, истифодаи дронҳо барои нақшабардории ҳавоӣ ва назорати минтақаҳои муҳофизатӣ зарурӣ мебошад.

​Кӣ бояд иҷозатнома диҳад?

Муҳимтарин бахш – ин табдил додани бостоншиносӣ ба як қисми ҷудонашавандаи сохтмон ва рушд аст (Бостоншиносии наҷотбахш). Пешниҳод мешавад, ки ягон лоиҳаи давлатӣ ё хусусии сохтмонӣ бе “Хулосаи экспертизаи бостоншиносӣ” тасдиқ нагардад. Ин таҷриба дар Аврупо (Конвенсияи Валлетта) мавҷуд аст ва боиси ёфт шудани ҳазорон ёдгориҳои нав гардидааст.

Мақоми Иҷозатнома ё “Варақаи кушод”: Ин санад бояд мақоми давлатӣ дошта бошад. Нафаре, ки ин санадро мегирад, бояд барои ҳар як метри мураббаи кофтааш дар назди қонун ҷавобгӯ бошад. Агар ӯ бозёфтҳоро ба музей насупорад ё ҳисобот бо сабти сегонаро омода накунад, бояд аз фаъолияти ҳаффорӣ маҳрум гардад.

Қонун дар бораи бостоншиносӣ набояд танҳо як варақаи коғаз бошад, балки бояд ҳамчун низоми зиндаи ҳифзи ҳувияти миллӣ кор кунад. Мо бояд кафолат диҳем, ки ҳар як ҳафриёт дар Тоҷикистон на танҳо барои имрӯз, балки барои илми ҷаҳонии садсолаҳои оянда ҳамчун манбаи боэътимод боқӣ мемонад.

​Дар Тоҷикистон маҳз Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (аз 3-юми марти соли 2006, №178) санади асосиест, ки ин соҳаро танзим мекунад. Ин қонун барои бостоншиносӣ заминаи ҳуқуқии қавӣ эҷод кардааст…  

Мо як бор мекобем…

Дар бостоншиносӣ принсипе ҳаст: “Мо ёдгориро танҳо як бор кофта метавонем”. Агар нафари ғайримаслакӣ онро кобад, контексти таърихӣ ва қабатҳои фарҳангӣ барои ҳамеша нобуд мешаванд ва дигар ҳеҷ олиме наметавонад онро барқарор кунад.

Барои пешгирӣ аз ин ҳолат, Қонуни махсус дар бораи бостоншиносӣ бояд меъёрҳои зеринро ҷорӣ кунад:

1. Меъёрҳои қатъии касбӣ (Квалификация); Иҷозат набояд ба “ширкатҳо” ё “созмонҳо” дода шавад. Он бояд танҳо ба шахси воқеӣ дода шавад, ки дорои маълумоти олии таърихӣ бо ихтисоси бостоншиносӣ, таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар ҳайати экспедитсияҳои илмӣ, мақолаҳои илмии чопшуда дар асоси ҳафриётҳои қаблӣ бошад.

2. Тасдиқи сезинагӣ (системаи филтр); Барои он ки иҷозат ба дасти нафари тасодуфӣ наафтад, раванд бояд чунин бошад: Шурои илмии муассиса: (Масалан, Институти таърих ва бостоншиносӣ) тахассуси шахсро тасдиқ мекунад. ​Комиссияи экспертӣ: Намояндагони Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг, Осорхонаи миллӣ ва Донишгоҳи миллӣ нақшаи ҳафриётро месанҷанд. Назорати баъдӣ: Агар мутахассис ҳисоботи илмии ҳафриёти гузаштаро пешниҳод накунад, ӯ бояд барои тамоми умр аз ҳуқуқи гирифтани иҷозат маҳрум шавад.

3. Фарқ дар байни “Кофтан” ва “Таҳқиқ кардан”; ​Нафарони ғайримаслакӣ аксар вақт танҳо ба кофтани ашё (кӯза, танга, тило) таваҷҷуҳ доранд. Аммо бостоншиносии касбӣ ин сабти дақиқи ҳар як миллиметр замин аст.

4. Хатарҳои додани иҷозат ба нафарони ғайримаслакӣ; ​Нобудшавии стратиграфия: нафари ғайриҳирфаӣ намедонад, ки кадом қабат ба кадом аср мансуб аст. Аз байн рафтани бозёфтҳои нозук: одатан ғайримаслакон танҳо ашёи сахтро мебинанд, аммо боқимондаҳои чӯб, матоъ ё донаҳои зироатро, ки барои илм муҳиманд, нобуд мекунанд.

5. Тиҷоратӣ шудани илм: вақте ки иҷозат бо роҳҳои дигар (масалан, шиносбозӣ ё коррупсия) ба даст меояд, бостоншиносӣ аз илм ба “бизнес” табдил меёбад.

​Чӣ бояд кард?

1. Дар Қонун бояд банди махсус бошад: “Дар сурати ошкор шудани фаъолияти ғайриҳирфаӣ ё вайрон кардани методикаи илмӣ, иҷозатнома фавран бозхонд ва шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад”.

​2. Яке аз камбудиҳои соҳа дар он аст, ки бисёр ёдгориҳо кофта мешаванд, вале баъди ҳафриёт бе консерватсия мемонанд ва зери борон нобуд мешаванд. Бинобар ин дар қонун бояд банди “Масъулият барои консерватсия ва рекултиватсия” ворид карда шавад. Ҳафриёт бояд танҳо дар сурати мавҷуд будани нақшаи ҳифзи минбаъдаи ёдгорӣ иҷозат дода шавад.

​3. Таъсиси Реестри ягонаи рақамии ёдгориҳо: Ин имкон медиҳад, ки сохтмонҳои худсарона дар минтақаҳои таърихӣ пешгирӣ карда шаванд.

​4. Шаффофияти “Варақаи кушод”: Рӯйхати ҳамаи шахсоне, ки иҷозати ҳафриёт доранд, бояд дар сайти Вазорати фарҳанг дастрас бошад.

​5. Ҳавасмандкунӣ: Қонун набояд танҳо аз ҷазо иборат бошад. Он бояд барои ёфтани тасодуфии бозёфтҳо мукофот ва барои сарпарастони ҳафриёти бостоншиносӣ имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ кунад.

​Чаро қонуни махсус зарур аст?

Бостоншиносӣ аз меъмории таърихӣ фарқ мекунад. Агар биноро тармим кардан мумкин бошад, қабати мадании кофташударо дигар наметавон барқарор кард. Қонуни нав бояд мафҳуми “Дахлнопазирии қабати маданӣ”-ро ворид кунад.

Пешниҳодҳои калидӣ барои ворид намудан ба Қонун

а) Танзими қатъии иҷозатномадиҳӣ: Қонун бояд муқаррар кунад, ки “Варақаи кушод” (иҷозат) танҳо ба шахсоне дода шавад, ки дорои маълумоти олии бостоншиносӣ ва собиқаи кории исботшуда мебошанд. Додани иҷозат ба шахсони ғайримаслакӣ бояд ҳамчун сӯйистифода аз вазифа арзёбӣ гардад.

б) Бостоншиносии наҷотбахш (превентивӣ): Ин бахш бояд механизми иқтисодиро танзим кунад: Ҳама гуна сохтмон дар минтақаҳои эҳтимолии таърихӣ танҳо пас аз хулосаи хаттии бостоншиносон иҷозат дода шавад. Хароҷоти таҳқиқотро бояд фармоишгари сохтмон пардохт кунад. ​ Ҳатмӣ кардани экспертиза пеш аз ҷудо кардани замин барои сохтмон. Ин бояд ба зиммаи фармоишгар (застройщик) гузошта шавад.

в) Мониторинг ва рақамикунонӣ: таъсиси Феҳристи электронии ёдгориҳои бостоншиносӣ бо истифода аз ГИС-технологияҳо. Ин имкон медиҳад, ки мақомоти маҳаллӣ ва бостоншиносон дар вақти воқеӣ ҳолати ёдгориро назорат кунанд.

г) Масъулият барои консерватсия: ҳафриёт набояд танҳо бо “кофтан” анҷом ёбад. Қонун бояд бостоншинос ва муассисаро вазифадор кунад, ки ёдгориро ё барои намоиш (музейкунонӣ) омода кунанд ва ё ба таври илмӣ дубора бо хок пӯшонанд (рекултивация), то аз боду борон ҳифз шавад.

Дар Қонуни нав бояд ба таври қатъӣ зикр гардад, ки ҳафриёти бостоншиносӣ на танҳо гирифтани ашё, балки раванди маҷмӯии таҳқиқот аст, ки аз марҳилаҳои зерин иборат мебошад:

​1. Фиксатсияи стратиграфӣ ва нақшабардорӣ. Ҳар як бозёфт бояд дар контексти қабати фарҳангии худ (In situ) омӯхта шавад. ​Тор (сетка)-и координатҳо: барои муайян кардани макони дақиқи ҳар як бозёфт дар фазои себуъдӣ (x, y, z). Тасвирҳои стратиграфӣ: сабти дақиқи буриши амудии қабатҳо, ки хронологияи нисбии ёдгориро муайян мекунанд. Кофтани беш аз як қабат дар як вақт бидуни фиксатсияи қабати қаблӣ бояд ҳамчун вайронкунии методикаи илмӣ эътироф шавад.

​2. Таҳлили камералӣ ва лабораторӣ. Яке аз “бадиҳои” бостоншиносии имрӯза ин аст, ки таҳқиқот дар майдони ҳафриёт ба охир мерасад. Қонуни нав бояд талаб кунад, ки таҳлили трасологӣ ва спектралӣ, омӯзиши изи истифодаи асбобҳо ва таркиби химиявии металлҳо/сафол, таҳлилҳои ​Радиокарбон ва ДНК, барои ёдгориҳои давраи асри санг ва биринҷ, гузаронидани таҳлилҳои физико-химиявӣ барои муайян кардани санаи мутлақ (C^{14}) бояд ҳатмӣ бошад.

​3. Коркарди бозёфтҳои антропологӣ ва остеологӣ. Ғайримаслакон аксаран устухонҳои одам ва ҳайвонотро ҳамчун “маводи дуюмдараҷа” мепартоянд. Қонун бояд ҳифз ва таҳқиқи маводи биологиро ҳамчун манбаи иттилоот дар бораи палеодемография, ғизо ва бемориҳои гузаштагон талаб намояд.

​4. Стандартизатсияи ҳисоботи илмӣ. Иҷозатномаи нав танҳо пас аз қабули ҳисоботи муфассали илмӣ дода мешавад, ки дар он бояд мавҷуд бошад: дафтари саҳроии ҳафриёт (Полевой дневник), албоми нақшаҳо ва фотофиксатсияи рақамии бозёфтҳо, санади супоридани ашё ба фонди осорхонаҳои давлатӣ.

​Ҳангоми таҳияи Қонуни нав бояд аз адабиёт ва санадҳои зерин истифода шавад:

​1. Конвенсияҳои байналмилалӣ (Стандартҳои ЮНЕСКО):

​Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳифзи мероси археологӣ (Валлетта, 1992): Санади калидӣ, ки мафҳуми “археологияи наҷотбахш”-ро ҷорӣ кардааст.

​Конвенсияи ЮНЕСКО (1970): Оид ба воситаҳои манъ ва пешгирии воридот, содирот ва интиқоли ғайриқонунии моликияти бозёфтҳои фарҳангӣ.

​Хартияи Лозанна (1990): Оид ба ҳифз ва идоракунии мероси археологӣ, ки аз ҷониби ИКОМОС (ICOMOS) қабул шудааст.

​2. Таҷрибаи қонунгузории кишварҳои хориҷӣ:

​Қонуни Федералии Русия, №73-ФЗ: “Об объектах культурного наследия…”. Муҳим барои омӯзиши низоми “Варақаи кушод” (Открытый лист).

​Кодекси мероси Фаронса (Code du patrimoine): Беҳтарин намунаи танзими “археологияи шартномавӣ” ва фаъолияти ниҳодҳои давлатии археологӣ (INRAP).

​Қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон: “Дар бораи муҳофизат ва истифодаи объектҳои мероси маданӣ” (таҳрири нав), ки барои муқоисаи минтақавӣ муфид аст.

​3. Адабиёти илмӣ ва методологӣ:

​Р. Уилер. «Бостоншиносӣ аз замин» (Archaeology from the Earth): Китоби классикӣ оид ба методикаи стратиграфӣ ва аҳамияти сабти дақиқи ҳафриёт.

​А. П. Деревянко ва дигарон. «Методика полевых археологических исследований»: Дастури муҳим барои стандартҳои ҳисоботдиҳӣ дар фазои пасошӯравӣ.

​Е. Н. Носов. «Проблемы сохранения археологического наследия»: Мақолаҳо оид ба мубориза бо “археологияи сиёҳ”.

​Хулоса

​Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» на танҳо талаби соҳавии мутахассисон, балки як зарурати стратегӣ барои ҳифзи амнияти фарҳангии кишвар дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад. Қонуни нав бояд заминае гардад, ки бостоншиносии Тоҷикистонро ба меъёрҳои байналмилалии ЮНЕСКО ва ИКОМОС наздик карда, ёдгориҳои беназири моро ҳамчун сарвати умумибашарӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Танҳо бо такя ба илми дақиқ, технологияҳои муосир ва заминаи қавии ҳуқуқӣ мо метавонем рисолати таърихии худро дар назди гузашта ва ояндаи миллат сарбаландона иҷро кунем.

Муҳсин БОБОМУЛЛОЕВ,

бостоншинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *