Хатлон: Беш аз 34 миллион сомонӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ

Барои таъмири муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон беш аз 34 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин маблағ аз буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ҷудо карда мешавад.

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар маҷмуъ барои таъмири муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят 34 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аллакай 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

“Дар соли гузашта барои таъмир зиёда аз 23 миллион сомонӣ нақшабандӣ шуда буд. Имсол бошад, маблағи таъмир каме бештар карда шуд”,- афзуд манбаъ.

Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳо 1 ҳазору 375 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст. Ӯ мегӯяд, ки баъди ба охир расидани соли хониш ҳамаи муассисаҳо таъмир мешаванд.

“Ҷамъоварии маблағ аз хонандагон барои таъмир мумкин нест. Танҳо Кумитаи падару модарон муайян мекунанд ва чӣ саҳме мехоҳанд, мегузоранд”,- гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *