Хатлон: Нақшаи даъват ба Артиш пурра иҷро шуд

Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар пурра иҷро гардид.  

Аз дафтари мутбуоти вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар аввалин рӯзи оғози даъвати ҷавонон ба Артиш ноҳияҳои Хуросон, Муъминобод, Вахш ва Фархор нақшаро пурра иҷро карда буданд.

Ба иттилои расида, давоми моҳи апрел то 14 май чорабинии даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 21 шаҳру наҳияи дигар низ ба пуррагӣ ҷамъбаст карда шуд.

Дар 10 соли охир бори аввал аст, ки иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба итмом мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *