Хатлон: Сохтмон ва таъмиру барқарорсозии иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” сохтмон ва таъмиру барқарорсозии як қатор иншооти тандурустӣ ва ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, бо назардошти тамоми талаботи меъморӣ барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудан ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони иншооти тандурустӣ, инчунин, шиносоӣ ва омӯхтани таҷриба вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар кардааст.

Гуфта мешавад, ки нахуст дар доираи сафари корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Анқара бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фаҳреттин Коҷа вохӯрӣ анҷом додааст. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.