Лимити барқ кай дар Тоҷикистон барҳам мехӯрад?

Давоми қариб ду моҳ аст, ки дар минтақаҳои дурдасти кишвар аҳолӣ барқро бо реҷа мегиранд. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки лимит нест, аммо аҳолӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ аз 4 то 8 соат бо барқ таъмин мешаванд.

Тоҷикистон ба куҷо барқ мефурӯшад?

Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, давоми моҳи сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 17,1 млн доллар ва аз оғози сол ҳудуди 100 млн доллар нерӯи барқ интиқол додааст. Ин 11,5% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Ин дар ҳолест, ки сокинони деҳоти Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр инҷониб аз маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ шикоят мекунанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” ҳафтаи гузашта дар муроҷиати худ ба истеъмолгарон маҳдудияти истифодаи барқро камбуди захираҳои об, инчунин, баргузории корҳои таъмиру навсозӣ маънидод кард.

Ҳиссаи нерӯи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 6%-ро ташкил додааст.

Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (май-август) ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар — то 40 МВт кам карда мешавад.

Афғонистон аз Тоҷикистон қарздор?

Аммо маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки дар муқоиса бо моҳи август маблағи содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи сентябр ҳамагӣ ба андозаи 5,5% — аз 18,1 млн то 17,1 млн доллар кам шудааст.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *