Хуҷанд: Яке аз кӯчаҳои шаҳр ба номи Ҳамро Тоҳирова гузошта мешавад

Мутобиқи пешниҳоди комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва тасдиқи вакилони шаҳрӣ номи яке аз кўчаҳои номнадоштаи микроноҳияи 1-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамро Тоҳирова гузошта мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар иҷлосияи охири Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд чунин иқдом пазироӣ карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки Ҳамро Тоҳирова 8-уми марти соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соли 1941 дар синни 17-солагиаш ҳамчун бофандаи фабрикаи «Бофандаи Сурх» оғоз намуда, аз соли 1952 то ба нафақа баромадан, то соли 1974 бофандаи комбинати абрешими шаҳри Ленинобод буд. Ў дар ин коргоҳ зарбдорона меҳнат намуда, супоришҳоро барзиёд ба иҷро мерасонд. Соли 1965 сарбаландона аз зиммаи иҷрои супориш баромадани Ҳамро Тоҳироваро ба назар гирифта, ба ў унвони олии «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» дода шудааст.

Ҳамро Тоҳирова санаи 2-юми июли соли 2021 дар синни 97-солагиаш вафот кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.