Huawei-пешсафи  бозори ҷаҳонӣ

Таҳқиқоти IDC: Huawei дар семоҳаи аввали соли 2024 дар ҷаҳон мавқеи якумро аз рӯи ҳаҷми фурӯши дастгоҳҳои ҳамроҳ (носимых устройств) пӯшида ишғол кард.

    Мувофиқи гузориши ширкати таҳлилии IDC, Huawei дар семоҳаи аввали соли 2024 аз рӯи ҳаҷми интиқоли байналмилалии дастгоҳҳои пӯшида мавқеи якумро ишғол кард. Ин мавқеи баланди ширкат дар рейтинг боз як бор собит менамояд, ки Huawei пешрафти соҳа буда, маҳсулоти бо технологияи баланд, дизайни замонавӣ ва имкониятҳои васеи мониторинги саломатӣ ва машқҳои варзиширо пешниҳод мекунад. Инчунин, мавқеи пешбари ширкат аз навовариҳо ва саъю кӯшишҳои ширкат дар рушди соҳаи дастгоҳҳои пӯшида шаҳодат медиҳад.

    Toп 5 ширкати истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои ҳамроҳ (носимых устройств ) аз рӯи ҳаҷми фурӯш, ҳиссаи бозор ва афзоиши солона дар асоси маълумоти семоҳаи соли 2024 (шумораи фурӯш дар миллионҳо ҳисоб карда мешавад)
    ШиркатМиқдори фурӯш (1-3 семоҳаи соли 2024)Ҳиссаи бозор (1-3 семоҳаи соли 2024)Миқдори фурӯш (1-3 семоҳаи соли 2023)Ҳиссаи бозор (1-3 моҳаи соли 2023)Афзоиши солона
    1. Huawei23,616,9%16,311,6%44,3%
    2. Apple22,516,2%25,818,4%-12,8%
    3. Xiaomi20,514,7%16,211,5%26,5%
    4. Samsung11,58,3%9,36,6%24,3%
    5. BBK7,85,6%6,24,4%25,9%
    Дигар ширкатҳо53,238,2%66,747,5%-20,3%
    Ҳамагӣ139,0100,0%140,5100,0%-1,0%
    Манбаъ: Ҳисоботи IDC дар бораи таҳвили ҷаҳонии дастгоҳҳои ҳамроҳ дар семоҳаи 3-юми соли 2024  

    Huawei — пешсаф дар бозори ҷаҳонии дастгоҳҳои пӯшида
    Дар гузориши IDC инчунин қайд шудааст, ки бо вуҷуди коҳиши ҳаҷми интиқоли соатҳои дастӣ ва тасмаҳо дар соли 2024, ки дар байни ширкатҳо дар саросари ҷаҳон мушоҳида мешавад, афзоиши солонаи фурӯш барои истеҳсолкунандагони чинӣ 20,1% ташкил дод.

    Аз миёни онҳо Huawei ба афзоиши чашмраси интиқоли байналмилалии худ бо 44,3% фарқ мекунад. Ин ширкат бо ишғоли 16,9% бозори ҷаҳонӣ ва 35,7% бозори дохилӣ дар ҷои якум қарор дорад. Ин муваффақияти бузург мавқеи устувори ширкат дар бозор ва таҷрибаи фаровони онро дар таҳияи дастгоҳҳои пӯшида собит менамояд.

    Дастгоҳҳои асосии пӯшида, ки дар соли 2024 ба фурӯш баромаданд
    Соли равон Huawei хати маҳсулоти худро ба таври назаррас васеъ намуда, навовариҳои ҷолибе ба монанди HUAWEI WATCH FIT 3, HUAWEI WATCH GT 5 ва HUAWEI WATCH D2 пешниҳод кард.

    Соатҳои HUAWEI WATCH D2 имконияти мониторинги фишори хунро[1] дар сатҳи таҷҳизоти тиббӣ таъмин мекунанд, дар ҳоле ки HUAWEI WATCH FIT 3 ҳамчун воситаи мониторинги мукаммали саломатӣ бо функсияҳои муфиду қулай, ба монанди пайгирии калорияҳо ва таҳлили ғизо пешниҳод мешавад.

    Соатҳои HUAWEI WATCH GT 5, ки бо системаи нави HUAWEI TruSense ва имкониятҳои пешрафтаи варзишӣ муҷаҳҳаз шудаанд, истифодабарандагонро дар саросари ҷаҳон мафтун карда, баҳои баландро аз нашрияҳои маъруф, аз қабили WAREABLE ва ANDROID AUTHORITY гирифтанд.

    Дастгоҳҳои Huawei назари беназирро ба он, ки дастгоҳҳои пӯшидаи оянда чӣ гуна бояд бошанд, пешниҳод мекунанд ва стандартҳои нави соҳаи дастгоҳҳои пӯшида мегузоранд. Ба шарофати онҳо, корбарон дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ба функсияҳои навтарини пайгирии саломатӣ дастрасӣ пайдо карда, дараҷаи ҳаёти худро ба сатҳи нав мебардоранд.

    Қавигардонии бренд тавассути воситаҳои нави пешбарӣ
    Huawei муваффақ гардид, ки эътимоди корбаронро дар Аврупо, Амрико, минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, Африқо ва Ховари Миёна ба даст орад. Қавигардонии мавқеи бренд тавассути мутобиқшавӣ ба хусусиятҳои бозорҳои маҳаллӣ ва стратегияи фарогири маркетингӣ имконпазир гардид.

    Масалан, интихоби ғолиби медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ Мо Фара ва фитнес-блогери машҳур Памела Райф ҳамчун сафирони дастгоҳҳои пӯшидаи HUAWEI қарор гирифтанд. Онҳо инчунин дар муаррифии асосии дастгоҳҳои нав дар Дубай, Барселона ва Бразилия ширкат варзиданд. Ин иқдом робита бо мизоҷонро қавитар намуда, таваҷҷуҳи бештарро ба дастгоҳҳои ширкат ҷалб кард.

    Чорабиниҳои «Оташ гирондани ҳалқаҳои фаъолият» ва «Технологияҳо барои ғамхорӣ» низ дар муаррифии дастгоҳҳои пӯшидаи Huawei ҳамчун ёварони шахсӣ бо функсияҳои бойи нигоҳдории шакли оптималии ҷисмонӣ кумак карданд.

    Ин тадбирҳо Huawei-ро ҳамчун раҳнамои соҳаи дастгоҳҳои пӯшида муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб карданд ва хоҳиши ширкат барои пешниҳоди гаджетҳои босифатро нишон доданд.


    [1] Дастгоҳи мазкур барои истифодаи тиббӣ пешбинӣ нашудааст. Натиҷаҳо хусусияти маълумотӣ дошта, набояд ҳамчун асос барои ташхис ё табобати тиббӣ истифода шаванд.

    Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
    Моро пайгири намоед
    Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

    Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


    Шарҳ

    Назари дигар доред? Нависед!

    Leave a Reply

    Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *