Иҷозаи Ҳаҷ барои 3,5 ҳазор зоири тоҷик

Зоирини тоҷик имсол 1438 нафар камтар ҳаққи сафар барои зиёрати хонаи Худоро хоҳанд дошт. Қабл аз пандемия барои Тоҷикистон панҷ ҳазор ҷой ҷудо мешуд.

Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ барои беш аз 3500 зоир квота ҷудо кардааст. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии кишвар хабар дод.

«Вазорати ҳаҷҷи Саудӣ расман хабар дод, ки бар асоси он, барои Тоҷикистон 3562 ҷой расидааст», — гуфт сухангӯӣ кумита.

Чӣ тавре, ки манбаъ хабар дод, кумита ҳоло расман мактубе дастрас накардааст, аммо он бояд ба ин ниҳод низ бирасад.

Бино ба итилои манбаъ, кумита ҳанӯз аз соли 2020 корҳои омодагиро барои сафарбаркунии зоирин баррасӣ ва ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолиро ба шаҳру навоҳӣ фиристода буд, ки тасдиқ гардид.

Бино ба вазъи эпидемиологӣ ин сафар сурат нагирифт.

— Зоирин дар мавсими нави ҳаҷ тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод мегарданд,- итилоъ медиҳад манбаъ.

Он замон ҷониби Саудӣ барои панҷ ҳазор зоири тоҷик иҷозаи сафар ба ин кишварро дода буд. Ҳамакнун аз ин миқдор 1438 нафар камтар мераванд.

Дар мавриди нархномаи сафар барои зиёрати хонаи Худо ҳоло чизе мушаххас нест ва ба гуфтаи оқои Муқим, пас аз расман дарёфти даъватнома он низ дақиқ хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки пеш аз пандемия нархи сафари ҳаҷ барои зоирини кишвар 35 ҳазору 128 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Арабистони Саудӣ барои нахустин бор пас аз се соли ахир дар пайи беҳбуди вазъи эпидемиологӣ ба як миллион зоир иҷозаи зиёрати хонаи Худоро дод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.