Иқлимо Озарм – Афғонистон – Голландия

Фиребхӯрда  

Нимаи муаммои ман,

Хаста найӣ аз ҷадал.

Чӣ золимона оростаанд,

Чашмҳои ту.

Қобҳои палосидаи шабанд,

Дастҳои ту.

Ду поро барои қаиқи танат ба сӯйи гирдоб,

Ҳарфҳои ту,

Мехҳои пӯлодин,

То рӯҳи ошиқиро матлуб карда бошанд.

Ва лабханди ту,

Оҳ… на дигар.

Як эътирофи нохушоянд,

Бовар ба ҳеҷ,

Ва ин пайкарат,

Ҳаҷми сӯзони ҳимаҳо,

Барои ҳамаи умедҳо,

Фидоии фиребхӯрда.

Ба чӣ ҳанӯз,

Ишқ меварзӣ.

***

 Шояд…

Дасти ҳастӣ шояд баланд буд,

Ва тарошида пайкарҳои нотакрор.

Шояд,

Рӯзгорон ҳам,

Шабҳои ялдоро,

Ба гӯнае ҷуброн мекард.

Ва одамҳоро аз таассуфи кӯтоҳу масхарашон,

Берун мекашид.

Шояд,

Намедонам.

Вале борони шустанитар аз ҳамеша,

Гунаҳои таракхӯрдаи кавири бемеҳриро,

Даст мекушуд.

Шояд,

Саркаши бешаҳои сабз,

Ҳатто шабе,

Бистари амни парандаи ваҳшатзадаи кўлӣ мешуд.

Шояд,

Афсуни нигоҳи ҷодуи ту,

Лаҳзае чанд маро,

Ки офтобпарасти асири шабам,

Навозиш мекард.

***

Барои Зардушт

Аз гуноҳ бираҳон агар,

Тамасхур мекунам.

Ҷустуҷӯи туро, пас ин ҳама солҳо,

Ки аз хирад намонда,

Чизе барои мо,

Ба ҷойи он се,

Саргаштагӣ,

Сархӯрдагӣ,

Сарафкандагӣ.

Аз маъсият бираҳон агар,

Барои набуданат,

Хушнудам,

Ки намепурсӣ дар торикӣ ва танҳоӣ

ё намеҷӯӣ.

Дар ҷангалҳои сӯхта ва барканда,

Дарёҳои масмум,

Дар мазореъи мингузорӣ шуда,

На абар инсон, ки инсонро.

اقلیما آزرم- افغانستان- هلند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *