Идомаи тағйироти кадрӣ. Муовинони Рустами Эмомалӣ иваз шуданд

Дар пайи тағироти кадрии имрӯз, 11 январ Нусратулло Салимзода низ аз мақоми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод гардида, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шудааст.

Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Душанбе ба Pressa.tj  хабар дод. Инчунин, Тоҷидддин Саидзода раиси ноҳияи Сино  таъин гардидааст.

Муовинони раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода, Умед Гуреззода аз вазифаашон барканор шуда, ба ҷояшон Сиҷоуддин Саломзода ва Абдураҳмон Абдураҳмонзода таъин шудаанд.

Сиҷоуддин Саломзода то расидан ба ин вазифа раиси шаҳри Бохтар ва   Абдураҳмон Абдураҳмонзода муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.