Ифшои занҳои қаллоби “Саховат”-у “Корвон”

Дафтари матбуоти ВКД аз ифшои ду зани махсусан қаллоб дар бозорҳои “Саховат” ва “Корвон”-и пойтахт иттилоъ дод.

Тибқи хабарномаи манбаъ, моҳи августи соли 2018 зани 37-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт як марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳияро дар КВД “Бозори Саховат” фиреб дода, аз ӯ 221 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Ба ҳамин монанд, моҳи апрели соли 2023 дар ҶДММ «Корвон» зани 30-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии як зани 39-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ даромада, аз ӯ 48 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ бармегардонад, аммо то ҳол фиреб карда гаштааст.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *