Ифтитоҳи бинои нави ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

 Имрӯз, 10 апрел бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

“Иншоот дар заминаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебоии дигар бахшид”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки  бинои нави Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Барои ташкилу баргузории ҷамъомад ва чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ маҷлисгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, дорои 1240 ҷойи нишаст аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *