Ифтитоҳи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар Истаравшан

Имрӯз, 10-уми август бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур аз се ошёна, таҳхона ва 9 утоқи корӣ иборат аст. Дар ошёнаи якум ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, қисми навбатдорӣ, 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона бо 5 ҷойи нишаст ва 500 адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳои фаъолияти соҳавӣ ҷойгир карда шуда, 5 ҳуҷраи коргарону роҳбарият ва толори маҷлис бо 30 ҷой дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир шудааст.

Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ дар ошёнаи 3-юми бинои тозабунёд 4 хонаи 2-ҳуҷрадори муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст.

Дар таҳхонаи иншоот толори машқу тамрин, ошхона барои 25 нафар, анбори нигоҳдории маҳсулот ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *