Ифтитоҳи бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта
Имрӯз, 21 август бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои асосии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе аз ҳафт ошёна ва таҳхона иборат аст. Он дорои 167 ҳуҷра, аз ҷумла 105 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 230 кат, шуъбаҳои қабул ва ташхис, ҷарроҳӣ, осебҳои сӯхта, бемориҳои заҳролудшавӣ, шикастабандӣ, асаб ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
“Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа ва унсурҳои меъмории миллӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шудааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.


Гуфта мешавад, ки дар ин муассисаи тандурустӣ 107 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла катҳои махсус барои бемориҳои сӯхта, дастгоҳи сайёр барои шустушуйи беморон, барокамераи сайёр, дастгоҳи лазерии табобати оқибатҳои сӯхта, дастгоҳи лазерии лифтинги табобативу косметологӣ, дастгоҳи ултрасадои табобатию барқарорсозии бемориҳои сӯхта, таҷҳизоти даруннигарии видеоӣ барои рўдаву меъда, видеоэндоскопӣ ва видеобронхоскопи сайёр аз навгониҳои иншоот аст, ки таҷҳизоти насли нав буда, бори аввал ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Ҳамзамон рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷа аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон оварда шудаанд, ки барои хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ