Ифтитоҳи корхонаи заргарӣ дар Душанбе

Дар Душанбе корхонаи заргарии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи расмии корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат варзиданд.

Он аз маркази дуошёнаи фурӯши тилло ва сехҳои заргарӣ иборат буда, 60 нафарро бо кори доимӣ ва маоши аз 3000 сомонӣ боло фаро гирифтааст.

Кор дар сехҳо тавассути технологияи муосири чинӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори коркарди тилло дар як сол 1 тонна ва нуқра то 30 тоннаро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *