Ифтитоҳи Маркази саломатии ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо USAID

Барои мусоидат намудан ба беҳтарсозии саломатии оилаҳои тоҷик Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо USAID Маркази саломатии ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ кард.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин марказ гуруҳҳои осебпазире, ки дар пешорӯи хавфи сироятёбӣ ба ВНМО/БПНМ қарор доранд, метавонанд доруҳои антиретровирусиро (АРВ) дар фазои бехатар қабул кунанд.

— Ин аввалин марказ дар навъи худ дар Осиёи Марказӣ буда, ҳамчун намуна барои бисёре аз кишварҳое, ки USAID бо мақсади таъмини тавоноии шахсони мубталои ВНМО кору фаъолият мебарад, хизмат мекунад. Марказ инчунин бо паҳншавии ВНМО/БПНМ мубориза мебарад, ки як қисми ҳамкории васеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва USAID барои ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон тақрибан 13 000 шахсони мубтало ба ВНМО зиндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *