Имрӯз раъду барқ дар назар аст

Имрӯз, 15 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 27-32 дараҷа ва дар шарқи он  17-22 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 34-39 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе маҳалҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо ба 31-36 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, 34 — 36 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *