Имрӯз туман мефарояд

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда,  абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш  ва  баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7  дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  10-15 дараҷа хунук ва  рӯзона аз як дараҷа хунук то  4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 9 -14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *