Имзои 10 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон

Имрӯз, 24 июл пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон дар Қасри миллат бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо гузоштанд.

Ҳамчунин, 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ;

— Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”;

— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *