Инкасатор дар ноҳияи Ашт 3,7 миллион сомониро аз худ кард
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як корманди филиали бонки “Душанбе-Сити” дар ноҳияи Ашт бо гумони азонихудкунии маблағи калон таҳти тафтиш қарор дорад.
Ба иттилои ВКД, ин шахс, ки ҳамчун саргурӯҳи ҳамли пул (инкасатор-бригадир) дар филиали бонки мазкур фаъолият мекард, дар рӯзҳои 27 то 30-уми июни соли 2025 аз терминалҳои худпардохт (банкоматҳо) 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда, онро ба суратҳисоби бонк интиқол надода, аз худ кардааст.
Ҳарчанд ному насаби гумонбар ифшо нашудааст, мақомоти ВКД ӯро сокини 32-солаи ноҳияи Ашт муаррифӣ мекунанд.
Мақомоти тафтишотӣ алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ