“Интернет барои хона” боз дар се маҳаллаи дигари Душанбе пайдо шуд
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳудуди амали хизматрасонии “Интернет барои хона”-ро пайваста васеъ менамояд. Интернети хонагӣ акнун ба маҳаллаҳои №15, 33 ва 103 пойтахт ворид шуд. Ба ғайр аз ин, оператор мизоҷонро ба технологияи пешрафтаи GPON мегузаронад. Ин имкон медиҳад, ки суръати интернети ноқилӣ баланд бардошта шуда, пайвастагӣ боз ҳам устувор карда шавад.
GPON (Gigabit Passive Optical Network, шабакаи нурии гигабитии пассив) – технологияи замонавии нахӣ-нурие мебошад, ки суръати таҳвили маълумотро то 1 Гбит/с таъмин менамояд. Дар тафовут ба имкониятҳои пешина GPON имкон медиҳад, ки сигнал бе талафот ба масофаҳои бузург паҳн карда шавад. Чунин имконият пайвастагии интернетро ҳатто ҳангоми сарбории калони шабака боз ҳам боқувват ва устувор мегардонад. Афзалиятҳои технологияро акнун сокинони боз зиёда аз 9 000 манзилҳои истиқоматӣ, ки дар маҳаллаҳои №15, 33 ва 103 шаҳри Душанбе қарор доранд, дида метавонанд.
Пайвасткунии “Интернет барои хона” осон ва муфид аст. Барои ин кофист, ки ба наздиктарин идораи хизматрасонии оператор муроҷиат намоед ё тариқи телефони 4747 дархост гузоред. Аз ҷиҳати нарх ба истифодабарандагони нав барои ҳамаи тарофаҳо 50% тахфиф пешниҳод карда мешавад. Ҳамин тавр, дар доираи иқдом тарофаи “Барои Хона 3 Мбит/с” 70 сомонӣ дар як моҳ (нархи муқаррарӣ – 140 сомонӣ), “Барои Хона 5 Мбит/с” 85 сомонӣ ба ҷои 170 ва “Барои Хона 10 Мбит/с” 140 сомонӣ (нархи пешина – 280 сомонӣ) хоҳад буд.
“Солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо” эълон карда шуданд. Ширкати мо ҳамчун яке аз иштирокчиёни фаъоли ин раванд ба мизоҷон технологияҳои пешрафтаи интернетиро пешниҳод карда, онҳоро барои миқдори ҳарчи бештари истифодабарандагон дастрас мегардонад. МегаФон Тоҷикистон барои пайвасткунии интернети хонагӣ дар ҳар як маҳаллаи Душанбе тамоми шароитҳоро муҳайё хоҳад кард. Дар ояндаи наздик сокинони маҳаллаҳои №32, 104 ва “Хонаҳои Қайроққум” низ аз хизматрасонии мазкур бархурдор мешаванд”, – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон Ғаниев.
Маълумоти нисбатан муфассалро дар бораи хизматрасонии “Интернет барои хона” метавон дар сомона ё идораҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба даст овард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ