IRS масъулиятшинос аст, аммо…

Мантиқан бо пардохти маблағи муайян истифода шудани роҳи Душанбе — Чаноқ  ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ (ҳамон тавре, ки баъзе “дӯстон” мепиндоранд), балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунии роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағжиш, бартарафсозии тармаҳо, таъмири куллӣ ва ҷорӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, нигоҳдории 36 пул ва ғайра машғул буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт таъмин бошад.

Як идда иддао доранд, ки “чун роҳи Душанбе — Чаноқ пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад”. Фикре, ки ба он наметавон розӣ шуд. Бо назардошти андешаи мазкур, солҳои қаблӣ роҳбарияти филиали Ширкат кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳатто дар рӯзҳои бениҳоят номусоид будани вазъи ҳаво, ҳарчанд ҳаёти ронандагону мусофирон зери хатар қарор дошт, ҳаракати нақлиёт қатъ нагардад. Табиист, ки барои кушода будани роҳ кормандони IRS ба маънои томаш ҷонфидоӣ мекунанд ва ба ҳалокат расидани 11 корманди филиали Ширкат ҳангоми иҷрои рисолат шаҳодати ин гуфта аст.

Таҷриба нишон дод, ки ҳарчанд ронандагон бо сарфи назар кардани тавсияи кормандони мо дар мавриди мавҷудияти хавф роҳро убур карданд, вале дар сурати рух додани ҳодисаи нохуш, аз ҷумла зери тарма мондан борони таҳқиру маломат ба сари кормандони IRS мерезад. Яъне, бетафовутиву худхоҳии баъзе ронандагон, ки муҷиби асосии ҳодисаи нохуш аст, умуман ёдоварӣ нашуда, аксарият нигаронӣ мекунанд, ки вақте хавф мавҷуд аст, чаро роҳро набастед?

Бинобар ин, се соли охир роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани хавф, аз қабили тармафароӣ роҳро муваққатан мебанданд.

Таъкид менамоем, ки ин иқдом ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аст, зеро IRS, бо назардошти манфиатовар будан, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманди қатъ шудани ҳаракати автомобилҳо аз тариқи роҳи мавриди назар нест.

Бо итминон метавон гуфт, ки IRS масъулиятшинос аст, аммо бетафовутиву худхоҳии баъзе ронандагон то андозае ба фаъолияти он монеа эҷод мекунад. Далел меорем: Аксар маврид бинобар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла ба самти муқобили ҳаракат баромадан, беэҳтиромӣ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат, бо воситаи нақлиёти ҳаракаташ дар ин мавсим қобили қабул набуда ба роҳ баромадан, таваҷҷуҳ зоҳир накардан ба тавсия ва таъкиди кормандони БДА ВКД ҶТ ва кормандони IRS боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии автомобилҳо мегардад.

Хоса ба самти муқобили ҳаракат баромадани автомбилҳо бениҳоят зиёд ва омили асосии эҷод гардидани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт мебошад. Табиист, ки дар чунин ҳолат сафарбар намудани техникаҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ имконнопазир аст. Боиси нигаронӣ аст, ки баъзе шаҳрвандони аз асли масъала ноогоҳ IRS-ро гунаҳкор мекунанд, ки вазифаашро иҷро намекунад. Ҳол он ки, чунин нест.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар сурати пуршиддат будани бориши барф бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар автомобилҳо, хоса нақлиёти сабукрав гузариши “Фура” ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдуд карда мешавад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки соли 2012-ум 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда соли 2013-ум 216444, 2015-ум 190564, 2016-ум 126204, 2017-ум 779730, 2018-ум 103606, 2019-ум 274030, 2020-ум 241374 ва соли гузашта 85042 метри мураббаъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмуъ, ба 2816546 метри мураббаъ баробар аст.

Коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, хароҷоти ин мавод низ сол то сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағжиши харҷшуда зиёда аз 103466 метри кубиро ташкил медиҳад. Таъкид мекунем, ки IRS барои иҷрои вазифаи дар асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш вогузорбуда пурра тавонманд аст. Месазад, ки аз пойгоҳи пурқуввати техникӣ ёдовар шавем, ки шумораи техникаву механизмҳои он ба 224 адад расидааст.

Кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ авлавият аст. Илова бар ин, кормандон бо сарулибоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршуда дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

Илова бар ин, дар масири роҳ 12 хонаи устои роҳ ташкил шудааст, ки дар онҳо барои кормандони филиали Ширкат тамоми шароит фароҳам аст. Муҳим он аст, ки дар хонаҳои устои роҳ имкони муваққатан ҷойгир намудани ронандагоне, ки воситаи нақлиёташон нуқси техникӣ пайдо кардааст ва шаҳрвандон, дар навбати аввал занон ва кӯдакони хурдсол ҳангоми тӯл кашидани бартарафсозии тармаҳо мавҷуд мебошад. Хонаҳои зикршуда дар минтақаи Варзоб — километрҳои 33, 51, 62, 73, минтақаи Зарафшон — километрҳои 81, 103, 131, 160, минтақаи Суғд — километрҳои 181, 237, 289 ва 322 ҷойгир мебошанд.

Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.