Исмоил Қоонӣ — вориси Қосим Сулаймонӣ

Ҳамлаи шаби 3 январи Амрико ба минтақае дар канори фурудгоҳи Бағдод ва кушта шудани генерал-майор Қосим Сулаймонӣ, яке аз низомиҳои пурнуфузи Эрон исми неруҳои Қудс, як воҳиди ҳарбии хеле махфии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро, ки 20 соли охир фармондеҳиашро Сулаймонӣ ба уҳда дошт, дигарбора вирди забонҳо кард.

Қосим Сулаймонӣ, ки ӯро яке аз афсарони маҳбуби Хоманаӣ ном мебурданд, соли 1997 Аҳмад Ваҳидиро дар мақоми фармондеҳи неруҳои Қудс иваз кард.

Бо омадани ӯ неруҳои Қудс ба яке аз пурнуфузтарин муассисот дар дохил ва хориҷи Эрон ва худи Сулаймон ба як шахсияти сиёсии муҳим ва тасмимгир табдил ёфтанд.

Таҳти роҳбарии неруҳои Қудс ба чанд ниҳоди алоҳидае тақсим карда шуд, ки ҳар кадоми ин ниҳодҳо масъулияти анҷоми амалиётҳо дар кишварҳои алоҳидаро бар уҳда дорад. Роҳбарии ҳар шуъбаро нафари вижае ба дӯш дошт, ки мустақиман фақат ба Сулаймонӣ итоат мекард.

Ба ҷуз аз бахшҳои минтақавӣ дар таркиби неруҳои Қудс, ҳамчунин 5 шуъбаи алоҳидае вуҷуд дорад, ки масъулияти бахшҳое, чун амалиётҳои ҷосусӣ, молия, сиёсат, саботаж ва амалиётҳои вижаро бар уҳда доранд. Иртибототи миёни онҳо тавассути Шӯрои фармондеҳон, ки таҳти фармони худи Сулаймонӣ қарор дошт, анҷом мешуд.

Чӣ худи Сулаймонӣ ва чӣ афсарони дигари неруҳои Қудс аксаран дар соя қарор доштанд ва худро маълум намекарданд. Чунин ҳолат то оғози ҷанги шаҳрвандии Сурия дар соли 2011 давом кард. Коршиносони масоили амниятии Эрон бар инанд, ки маҳз Қосим Сулаймонӣ роҳбари олии рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаиро мутақоид сохт, ки Эрон бояд дар ин низоъ аз ҷониби Президенти Сурия Башор Асад вориди ҷабҳа бишавад. Сулаймонӣ мутмаин буд, ки ҷанги Сурия ба Эрон дар минтақа бартарии стратегӣ хоҳад овард.

Ва ба зудӣ ҳазор нафар аз неруҳои Қудс ва чирикиҳои машқдида аз Ироқ барои набард бо мухолифони Асад ба Сурия рафтанд.

Ба гуфтаи манобеи радиои Фардо, дар айни замон мутахассисони неруҳои Қудс таҳти роҳбарии бевоситаи Сулаймонӣ ба тамрини намояндагони ақаллиятҳои шиъа аз Афғонистону Покистон сар карданд. Ва низ бо мақсади ба Сурия фиристодани онҳо…

Исмоил Қоонӣ – вориси Қосим Сулаймонӣ ва фармондеҳи ҷадиди неруҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб.

Ҳафтаи равон ба ҷои Қосим Сулаймонии кушташуда муовини 62-солааш Исмоил Қоонӣ фармондеҳи нави неруҳои Қудс таъин шуд. Хоманӣ Қоониро «яке аз барҷастатарин фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ» ном бурд ва гуфт, ки ӯ роҳи Сулаймониро идома хоҳад дод.

Қоонӣ дар шимолушарқи Эрон, дар бузургтарин шаҳри бузурги кишвар – Машҳад ба дунё омадааст. Ин минтақа аз муҳофизакортарин минтақаҳои Эрон ба шумор меравад.

Қоонӣ дар замони ҷанги Эрону Ироқ фармондеҳи ду бригадае буд, ки яке аз онҳоро то ба ҳадди дивизия густариш доданд. Ӯ, ҳамчунин, дар саргаҳи ташкили неруҳои Қудс қарор дошт ва 20 соли охир дар шуъбаи ҷосусии ин ниҳод ва мақоми муовини Сулаймонӣ хидмат кардааст.

Қоонӣ аз соли 2012 дар рӯйхати сиёҳи Амрико қарор дорад. Амрикоиҳо номи ӯро ба маблағгузорӣ ва таъмини силоҳ барои Ҳизбуллоҳи Лубнон ва чандин гурӯҳи чирикӣ дар Ховари Миёна ва Африқо рабт медиҳанд.

Бино ба гузориши гурӯҳи коршиносони Шӯрои амнияти СММ Исмоил Қоонӣ дар соли 2010 амалиёти интиқоли силоҳ ба Гамбия бо убури эмбаргои байналмилалиро роҳбарӣ мекард. Он вақт мақомоти Нигерия миқдори бузурги силоҳеро, ки ҳамчун маводи сохтмон ба Гамбия фиристода мешуд, пайдо ва мусодира карданд. Дар пайи фишори ҷомиаи байналмилалӣ, Гамбия равобиташ бо Эронро қатъ ва тамоми дипломатҳои Эронро ихроҷ карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *