Истеҳсоли гӯшт зиёду нарх дучанд
Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ то августи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 164 ҳазору 55 тонна гӯшти чорвои калон ва майда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 фоиз зиёд мебошад.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсол асосан ба ҳисоби баланд шудани маҳсулнокии чорво ва зиёд шудани саршумори он дар вилоятҳо марбут дониста мешавад. Дар ин давра истеҳсоли гӯшт дар вилояти Хатлон 11,9 фоиз, вилояти Суғд 11,6 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,3 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди болоравии ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, нархи он дар бозорҳои кишвар пайваста рӯ ба афзоиш дорад.
Агар дар соли 2018 як килограмм гӯшт ба ҳисоби миёна 40 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз ин нишондиҳанда аз 75 то 100 сомонӣ расидааст.
Ба ҳолати 1 сентябри соли 2025, саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 2 миллиону 851 ҳазор сарро ташкил додааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин, саршумори гӯсфанду буз 7 миллиону 449,3 ҳазор сарро ташкил намуда, дар муқоиса бо соли гузашта 5,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, аз саршумори умумии чорвои калони шохдор 93,9 фоиз ва аз саршумори гӯсфанду буз 82,1 фоиз ба ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Коршиносон сабабҳои болоравии нархи гӯштро ба афзоиши арзиши истеҳсолот, хӯроки чорво ва дигар омилҳои иқтисодӣ рабт медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ