Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон аз 8,9 миллиард кВт-соат гузашт
Соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 8,9 миллиард кВт-соат-ро ташкил дод.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, афзоиши истеҳсолот 944,6 миллион кВт-соат-ро нишон медиҳад.
Муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» Абдулло Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки 8,3 миллиард кВт-соат неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва 858,9 миллион кВт-соат дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шудааст.
Масъулон таъкид мекунанд, ки афзоиши истеҳсоли неруи барқ ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ, беҳтар гардидани шароити обу ҳаво ва иқдомҳои стратегӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар рабт дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ